Чиптаҳои бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба фурӯш бароварда шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Чиптаҳои бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба фурӯш бароварда шуданд

Ба маълумоти дӯстдорони футбол, ки мехоҳанд бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро тамошо кунанд, расонида мешавад!

Чиптаҳои бозии якуми дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон-Ҳиндустон, ки 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад, ба фурӯш бароварда шуда, ҳоло дар хазинаҳои варзишгоҳ дастрас мебошанд. Нархи чиптаҳо барои ҳамаи бахшҳо 20 сомониро ташкил медиҳад.

Пеш аз оғози вохӯрӣ рэпсароёни маъруф Corleone ва Ryder барои мухлисон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Назари худро бинависед