Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шабакаи НФС «Ориё» ҳамкориҳоро идома медиҳанд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шабакаи НФС «Ориё» ҳамкориҳоро идома медиҳанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» созишномаи ҳамкории дуҷонибаи худро тамдид карданд.

Маросими имзо дар идораи шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордодро ноиби президент Искандар Ҷалилов имзо кард. Аз ҷониби шарикон амбассадори шабакаи НФС «ОРИЁ» Нигина Амонқулова ба шартнома имзо гузошт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шабакаи НФС «ОРИЁ» шаш сол боз ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин муддат, ин шарикӣ ба қисми муҳими ҳамкориҳои дуҷониба табдил ёфта, имкон дод, ки як қатор ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда шаванд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки бо тамдиди созишнома минбаъд низ ташаббусҳои гуногун дар самти дастгирӣ ва рушди футбол дар Тоҷикистон рӯйи даст гирифта мешаванд.

Назари худро бинависед