Мунтахаби футболи электронии Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи байналмилалии FIFAe Nations League, ки марҳилаи калидии интихобӣ ба қисми ниҳоии FIFAe World Cup 2026 ба ҳисоб меравад, иштирок хоҳад кард.
Тибқи иттилои ФИФА, 120 кишвар дар марҳилаи интихобии FIFAe 2026 ширкат менамояд. Ин шумораи рекордӣ дар таърихи мусобиқаҳои FIFAe ва бузургтарин мавсими мусобиқаҳои варзиши электронӣ дар сатҳи дастаҳои миллӣ мебошад.
Дастаи футболи электронии Тоҷикистон дар ду намуди eFootball – eFootball™ Console ва eFootball™ Mobile баромад менамояд.
Иштирок дар ҳарду категория ба беҳтарин намояндагони варзиши электронии кишвар имкон медиҳад, ки маҳорати худро дар саҳнаи байналмилалӣ нишон диҳанд.
Марҳилаи интихобӣ як сол давом мекунад ва аз якчанд давра иборат аст:
– FIFAe Nations League – мусобиқаи асосӣ барои дастаҳои миллӣ.
– Мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ.
– Қисми ниҳоии FIFAe 2026, ки дар он қавитарин дастаҳои ҷаҳон рақобат мекунанд.