Пагоҳ, 20-уми сентябр дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 оғоз мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Макао, Камбоҷа ва Ҷопон рақобат мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд.
Пеш аз оғози марҳилаи интихобӣ Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, таъкид кард, ки даста барои ин мусобиқа якчанд марҳилаи омодагиро гузаронидааст.
Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон:
– Мо ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 марҳила ба марҳила омодагӣ дидем. Баъзе бозигарон дигар рушд накарданд, аз ин рӯ, мо дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳон-2024 дар ҳайат каме тағйирот ворид кардем. Дар футзал, мисли футбол барои нигоҳ доштани ангезаи бозигарон нав кардани ҳайат муҳим аст.
Дар мавриди рақибон бошад, мо бо ҳамаи дастаҳо шинос ҳастем. Ҳар як вохӯрӣ ва рақибро таҳлил карда, бозӣ ба бозӣ омода мешавем.
Мақсади мо баромадан ба қисми ниҳоии мусобиқа мебошад. Дар мусобиқаи гузашта дар гурӯҳи худ ҷойи якумро гирифтем ва кӯшиш мекунем, ки ин натиҷаро такрор намоем.
Ман ҳамаи мухлисонро ба толор даъват мекунам. Дастгирии мухлисон ҳамеша ба бозигарон қувват ва эътимоди иловагӣ медиҳад.