«Регар-ТадАЗ» сеюмин дастаи иштирокчии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ» сеюмин дастаи иштирокчии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 шуд

Ба дунболи дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 роҳ ёфт.

Бозиҳои даври чоруми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд. Дар гурӯҳи “А” дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ғалабаи сеюми пайдарпаи худро ба даст оварда, қабл аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобқа гардид. Ин бор шогирдони Ҳикмат Фузайлов бар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3 бар 2 дасболо гаштанд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ КМВА-и Душанбе “Локомотив-Помир”-и Душанберо бо ҳисоби калони 6 бар 3 шикаст дод. Дастаи чоруми иштирокчии марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз минтақаи Душанбе, дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи 4 феврал баргузор мегардад, маълум хоҳад шуд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

«Локомотив-Помир» – КМВА – 3:6

ГолҳоЧунуно Осиа, 2 (1:0). Чунуно Осиа, 17 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 19 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 29 (2:2). Ҷонибек Шарипов, 51 (2:3). Элчибек Рашидбеков, 61 (2:4). Шоҳрух Сангов, 75 (3:4). Шодибек Ғаффоров, 78 (3:5). Сайёди Ковусшо, 90+4 (3:6).

 

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 3:2

ГолҳоАзизбек Далиев, 28 (1:0). Алишер Холмуродов, 57 (1:1). Фирӯз Қараев, 60 (2:1). Фирӯз Раҳматов, 79 (2:2). Ҳикматулло Расулов, 90+1 (3:2).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 3 0 0 9-4 9
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 2 1 1 10-4 7
3 КМВА (Душанбе) 3 2 1 0 8-3 7
4 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 0 0 3 5-12 0
5 «Шоҳмансур» (Душанбе) 3 0 0 3 1-10 0

 

Даври 5-ум

4 феврал (панҷшанбе)

10:30 – КМВА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед