Яккачини футзали Тоҷикистон дар Бангкок бо дастаҳои Афғонистон ва Чин бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Яккачини футзали Тоҷикистон дар Бангкок бо дастаҳои Афғонистон ва Чин бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Тайланд ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобати санҷишиашро дар Бангкок рӯзи 9 апрел бо тими миллии Афғонистон баргузор мекунад. Дастаи Пайрав Воҳидов 13 апрел дар бозии санҷишии дуюм бо мунтахаби Чин вомехӯрад. Бо мувофиқа бо рақибон, ҳарду бозӣ дар Бангкок пушти дарҳои баста – бидуни пахш ё ҳузури мухлисон доир мешаванд.

Назари худро бинависед