Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Тайланд бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Тайланд бозӣ мекунад

26 апрел дар Бангкок бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии ниманиҳоӣ бо мизбони ин мусобиқа, тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии болопӯшидаи Ҳуамарки Бангкок баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими вохӯриро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал

Даври ниманиҳоӣ

📅 26 апрел (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 16:00 ба вақти Душанбе

🇹🇭 Тайланд – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Бангкок, Маҷмааи варзишии болопӯшидаи Ҳуамарк

Назари худро бинависед