Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар тими миллии Чин пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар тими миллии Чин пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бангкок бозии санҷишии дуюмро анҷом дод.

Имрӯз футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Чин бозии санҷишӣ баргузор карданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи калони дастаи мо – 9:2 анҷом ёфт. Комрон Алиев аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон хет-трик кард. Як голии дигарро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Некрӯз Алимаҳмадов ва Абдуқаюм Умаров заданд.

Қаблан дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Бангкок мунтахаби Тоҷикистон бо барандаи медали биринҷии чемпионати CAFA-2023, тими миллии Афғонистон (3:4) рақобати санҷишӣ анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед