Зоир Ҷӯрабоев: «Дар бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ мубориза хоҳем бурд» – Федерация Футбола Таджикистана

Зоир Ҷӯрабоев: «Дар бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ мубориза хоҳем бурд»

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дар нишасти хабарии пеш аз бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ ширкат карда, дар бораи омодагии даста сухан намуд.

 

Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон: 

– Мо ба бозии дарпешистода бо Арабистони Саудӣ омодагии ҷиддӣ дидаем. Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Қатар ситоди мураббиён кори хуберо анҷом доданд ва мо ба рақобати интизор омодаем. Чанд сол боз дар моҳи шарифи Рамазон бозигарони мо рӯза мегиранд. Бозӣ соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад, ки ин вақти муносиб аст. Дар мавриди Арабистони Саудӣ бошад, мо аз тавоноии рақиб огоҳ ҳастем. Қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе, соли гузашта дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар як гурӯҳ бо «Ал-Наср» бозӣ карда буд ва дурахшиши нимҳимоятгар Ғариб дар ин бозиҳо бештар ба назар расид. Ман инчунин метавонам капитани «Ал-Ҳилол» Ал-Досариро номбар кунам. Ҳамаи паҳлӯҳои тими Арабистони Саудиро омӯхтем ва муҳофизони мо омодаанд, ки ба ҳамлаи шадиди рақиб муқобилат кунанд. Мо мубориза мебарем.

Назари худро бинависед