Тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстонаро ба дастаи Узбекистон бохт – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстонаро ба дастаи Узбекистон бохт

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Бозӣ шоми 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд бе ҳузури тамошогарон доир гардид.

Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, ҳамлагари мунтахаби Узбекистон Шаҳзодбек Убайдуллоев кушод. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.

Дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, бозигари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев тӯби ба назди дарвозаи мизбонон задаи ҳамдастааш Эҳсони Панҷшанберо бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд ва ҳисоб баробар шуд – 1:1.

Ҳангоми ҳуҷуми мунтахаби Узбекистон меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари мизбононро аз по афтонданд. Сардовар Арол Рисқуллоев ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ Мурод Холмуҳаммадов дар дақиқаи 67-ум ба дарвозае, ки онро Шоҳрух Қирғизбоев ҳимоя мекард, ворид намуда, мунтахаби Узбекистонро ба пеш баровард. Ҳамин тариқ, бозии дӯстона бо пирӯзии футболбозони узбек бо ҳисоби 2:1 анҷом шуд.

 

Бозии дӯстона

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Шаҳзодбек Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷӯрабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналтӣ (2:1).

Узбекистон: Абдувоҳид Неъматов, Иброҳимхалил Юлдошев, Ислом Қобилов, Ҳусниддин Алиқулов, Аброр Исмоилов (Акмал Мозговой, 75), Санҷар Қодирқулов (Нурилло Тухтасинов, 64), Мурод Холмуҳаммадов (Искандар Шойқулов, 85), Шаҳзодбек Убайдуллоев (Шоҳрӯз Норхонов, 64), Лутфулло Тураев, Ҳоҷимат Эркинов (Қувондиқ Рӯзиев, 64), Ойбек Бозоров (Фаррух Икромов, 85).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев (Ваҳдат Ханонов, 75), Хуршед Бекназаров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Манучеҳр Сафаров, Комрон Турсунов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 88), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Умарҷон Шарипов, 83).

Сардовар: Ахрол Рисқуллоев (Узбекистон).

3-юми сентябр. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив».

Назари худро бинависед