«Равшан», «Истиқлол» ва «Хатлон» пешакӣ ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан», «Истиқлол» ва «Хатлон» пешакӣ ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021 роҳ ёфтанд

Даври дуюми бозиҳои гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз рӯи натиҷаи он се даста пешакӣ ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” бо ҳисоби калони 6 бар 1 намояндаи вилояти Суғд-дастаи футболи “Мастчоҳ”-ро шикаст дод. Дар ин бозӣ бозингари ҷавони “Истиқлол” Салам Ашурмамадов се гол зада “хет-трик” кард. Бозингари дигари ҷавони “Истиқлол” Рустам Соиров бошад ба задани ду гол муваффақ шуд.

Дар бозии дигаи гурӯҳи “А” дастаи “Рапвшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2 бар 1 КМВА-ро мағлуб сохт. Ду голи кӯлобиҳоро Аваз Қамчинов ба нишон расонд.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хатлон” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба “Рагар-ТадАз” зафар ёфт. Голи ягона ва ғалабаовари бохтариҳоро Нуриддин Ҳамроқулов ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, баъди ҷамъбасти натиҷаи ду даври бозиҳо се дастае, ки ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд, маълум гашт. “Истиқлол” ва “Равшан” бо шаш имтиёзӣ аз гурӯҳи “А” ва “Хатлон” бо шаш имтиёз аз гурӯҳи “Б” ба бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсия-2021 баромаданд.

Дастаи чоруми бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи душанбеи 15-уми феврал дар бозӣ байни дастаҳои “Барқчӣ” – “Регар-ТадАз” маълум хоҳад шуд. Барои баромадан ба бозиҳои ниманиҳоӣ барои дастаи “Барқчӣ” танҳо ғалаба лозим аст. Турсунзодагиҳоро бошад мусовӣ ҳам дар ин вохӯрӣ қаноатманд мекунад.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Истиқлол» – «Мастчоҳ» – 6:1

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 17 (1:0).  Ромиш Ҷалилов, 25 (2:0). Салам Ашурмамадов, 27 (3:0). Салам Ашурмамадов, 31 (4:0). Рустам Соиров, 44 (5:0). Рустам Соиров, 69 (6:0). Дилшодбек Рустамзода, 90 (6:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Салам Ашурмамадов («Истиқлол»).

 

КМВА – «Равшан» – 1:2

Голҳо: Аваз Қамчинов, 19 (0:1). Феликс Тиетзе, 39 (1:1). Аваз Қамчинов, 58 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аваз Қамчинов («Равшан»).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 8-1 6
2 «Равшан» (Кӯлоб) 2 2 0 0 7-3 6
3 КМВА (Душанбе) 2 0 0 2 1-4 0
4 «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) 2 0 0 2 3-11 0

 

Гурӯҳи «Б». даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 86.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Равшан Азизов («Хатлон»).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 6-0 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 0 1 0-1 0
3 «Барқчӣ» (Ҳисор) 1 0 0 1 0-5 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

15 феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Мастчоҳ» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед