«Равшан» ба бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» ба бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад

Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар лигаи якуми Тоҷикистон баромад мекунад ва айни ҳол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи  лигаи олӣ, чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон  “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ба бозии финалӣ баромад.

Бозии “Равшан” – “Регар-ТадАЗ” рӯзи сешанбе, 22-юми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардид. Голи ягона ва ғалабаовари “Равшан”-ро Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 51-ум ба самар расонд.

Қобили зикр аст, ки ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтани «Равшан» барои аввалин бор дар таърихи ин мусобиқа аст, ки дастаи лигаи аввал ба он роҳ меёбад.

Ҳарифи “Равшан” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 23-юми сентябр, пас аз натиҷагирии бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ “Хатлон”-и Бохтар – “Истаравшан”-и Истаравшан муайян хоҳад шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар соати 15:00 оғоз меёбад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки “Равшан” ва ғолиби ҷуфти нимфинал “Хатлон”/“Истаравшан” рӯзи шанбе, 10-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00.

Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилазарбаҳои пеналтӣ маълум мекунад.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Абдураҳмон Нозимов, 51.

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Музаффар Назаров (Сиёвуш Назирмадов, 86), Сайидамири Сайидаҳмад, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷони Фаррухзод (Умедҷон Бадалов, 89), Саидхони Амрохон (Зокир Абдулхайров, 46), Далер Чолов (Довуд Розиқов, 69), Шодӣ Муродов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Ёқубҷон Аҳмадов, Фирӯз Қараев, Оятулло Сафаров, Акбар Бобомуродов, Акбари Шелдари Ораш, Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов, Парвиз Бахтиёрзода (Азизбек Ҳаитов, 78), Ҷамолиддин Зардиев (Диловаршо Ғаниев, 46), Шерзод Маҳамадиев (Иброҳим Зокиров, 74).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Шодӣ Муродов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайдаҳмад («Равшан»), Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафаралӣ Каримов («Равшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

22 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

Назари худро бинависед