Петр Сегрт: «Мо мехоҳем, ки эҷоди орзуҳои навро идома диҳем» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Мо мехоҳем, ки эҷоди орзуҳои навро идома диҳем»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаи бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабро ҷамъбаст кард. Ин дидор 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар ду қисмати иловагӣ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони дастаи мо афзалӣ нишон доданд – 5:3.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Пеш аз ҳама, ташаккур ба бозигарони мо, онҳо муборизони ҳақиқӣ ҳастанд! Бо тамоми ҳастӣ мубориза бурданд. Дастаи мо бозии хуб нишон дод. Дар охир гол сар додан осон нест, аммо хуб шуд, ки ҳама чиз ба нафъи мо анҷом ёфт. Барои ман беҳтарин бозигари вохӯрӣ Рустам Ятимов аст. Имрӯз ӯ олӣ буд. Дирӯз ба силсилазарбаҳои пеналти омодагӣ медидем. Ба фикрам имшаб дар Тоҷикистон касе хоб намекунад. Мо минбаъд низ орзуҳои навро эҷод хоҳем кард. Тамоми мухлисонро бо ин пирӯзӣ табрик мекунам!

Бозигарони яккачини Тоҷикистон характер доранд. Ҳамчун хорватӣ ман хуб медонистам, ки ба зарбаҳои пеналти чӣ гуна омода шудан лозим аст. Дастаи миллии Марокаш дар чемпионати ҷаҳони охир нишон дод, ки ҳама чиз имконпазир аст. Шахсе, ки дар даста ҳамдигарфаҳмии аслиро ба вуҷуд оварда метавонад, мураббии ҳақиқӣ аст. Бо итминон метавонам бигӯям, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад.

Назари худро бинависед