Дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола ба анҷом расид. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғолиби чемпионат гардид. Даста бо роҳбарии сармураббӣ Содиқҷон Исматов ба ин дастовард мушарраф гашт.
Мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни духтарони то 17-сола дар ду марҳила – муқадамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи аввал 14 даста дар ду гурӯҳ – «А» ва «Б» бо ҳам рақобат карданд. Пас аз ҷамъбасти бозиҳои минтақавӣ аз ҳар гурӯҳ се тим ба марҳилаи финалӣ баромад.
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола шаш даста ширкат карданд. Барои ҷойи сеюми мусобиқа дастаҳои «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) ва «Зебонисо» (Душанбе) рақобат намуданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи «Ҷавонӣ» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷӣ гашт.
Дар бозии ниҳоӣ ду тими вилояти Хатлон – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Бешкент» (Носири Хусрав) бо ҳам вохӯрданд. Дар ин муборизаи шадид дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозигарони чемпионатро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов бо медал, ҷом ва ҷоизаҳои инфиродӣ қадрдонӣ намуданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа инчунин беҳтаринҳоро низ бо мукофотҳо сарфароз намуд. Беҳтарин дарвозабони лига Самира Тӯйчибоева аз тими «Ҷавонӣ» дониста шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки дар ин мавсим 47 гол зад, соҳиб гардид. Фирӯза Шукурова («Ҷавонӣ») беҳтарин мураббӣ ва Таҳминаи Баҳром аз тими «Панҷшер» беҳтарин бозигар эътироф шуданд.