Марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои наврасони то 18 сол ҷамъбаст шуда, аз рӯи натиҷаи он чор дастаи иштирокчии марҳилаи ниҳоии мусобиқа муайян шуд.
Ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа дастаи “Орзу-26”-и Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Дастаи “Орзу-26” аз 16 бозӣ дар 15 боӣ ғолиб шуда, танҳо яктои онро мусовӣ анҷом кардаст.
Ба ғайр аз “Орзу-26” дастаҳои “Ашт” (Ашт), “Равшан” (Кӯлоб) ва ММВЗО (Душанбе) низ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ чор даста боз дар ду қисм ба ҳам рақобат мекунанд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввали чемпионат соҳибшудаи дастаҳо эътибор доранд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқа байни наврсони то 18 соли Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон мегузарад.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои наврасони то 18 сола
Даври 16-ум
КМВА – ММВЗО – 1:1
«Ашт» – «Хатлон» – 4:1
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» – 0:1
МҶМОВ – «Хуҷанд» – 3:0
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ) | 16 | 15 | 1 | 0 | 90-15 | 46 |
2 | «Ашт» (Ашт) | 16 | 11 | 0 | 5 | 47-32 | 33 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 16 | 10 | 2 | 4 | 44-31 | 32 |
4 | ММВЗО (Душанбе) | 16 | 9 | 2 | 5 | 36-43 | 29 |
5 | ИҶМОВ (Душанбе) | 16 | 9 | 0 | 7 | 58-26 | 27 |
6 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 5 | 1 | 10 | 21-54 | 16 |
7 | КМВА (Душанбе) | 16 | 4 | 1 | 11 | 27-51 | 13 |
8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 16 | 2 | 2 | 12 | 23-49 | 8 |
9 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 16 | 2 | 1 | 13 | 17-62 | 7 |
Нишонзанҳо: Абдулло Шарипов (МҶМОВ) – 28 гол, Кароматулло Боронов («Орзу-2026») – 27 гол, Сарвар Шодмонов («Ашт») – 22 гол, Алиҷон Алиаҳмадов («Равшан») – 19 гол.