Ҳайати довароне, ки дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон кор мекунад, маълум шуд.
Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба ӯҳда дорад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насаруддин аз Малайзия хоҳад буд. Дар VAR довари ФИФА Холид Солеҳ Ал-Турайс аз Арабистони Саудӣ кор карда, вазифаи ёвари VAR-ро довари ФИФА Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт иҷро менамояд.
Қобили зикр аст, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи Доҳа баргузор мешавад. Ин рақобат соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.