Ҷоми КФО-2022: имрӯз дастаи «Хуҷанд» бо тими «Дордой» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: имрӯз дастаи «Хуҷанд» бо тими «Дордой» бозӣ мекунад

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми июн дар доираи бозиҳои даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» бо тими «Дордой»-и Бишкек, қаҳрамони Қирғизистон рақобат мекунад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Телевизиони «Варзиш» ин вохӯриро мустақиман пахш месозад.

Барои баромадан ба даври баъдӣ «Хуҷанд»-ро ҳисоби мусовӣ ё бохт бо ҳисоби минималӣ қаноат мекунад.

 

Дар бозии имрӯза ба «Хуҷанд» барор таманно дорем!

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «F». Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Бишкек, Варзишгоҳи Долон Омурзоқов

 

Назари худро бинависед