Мутахассиси маъруфи беларусӣ Олег Кубарев сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин шуд. Дар ин вазифа ӯ Аҳлиддин Турдиевро, ки ба кори дигар гузашт, иваз кард.
Имрӯз, 15 декабр Олег Кубарев дар ҷаласаи умумии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20), ки дар он директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ва куратори мунтахаби ҷавонон Увайдо Давлатбеков ширкат доштанд, ба ҳайси сармураббии нави даста муаррифӣ шуд. Мутахассиси 56-сола тими ҷавонони моро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, омода мекунад. Назди ӯ вазифа гузошта шудааст, ки дастаро ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2023 барорад.
Ба ситоди мураббиёни Олег Кубарев Алиҷон Турдиназаров ва Рустам Қурбонов, ки қаблан ба Аҳлиддин Турдиев кӯмак мекарданд, шомил гардиданд. Файзалӣ Давлатов масъулияти кор бо дарвозабонҳоро дар даста бар уҳда дорад.
Бояд гуфт, ки қаблан Олег Кубарев дастаҳои беларусӣ, ба мисли «Гомел», «Шахтёр» (Салигорск), «Торпедо-БелАЗ» ва «Крумкачи»-ро роҳбарӣ мекард. Илова бар ин, ӯ дар бошгоҳҳои «Спартак» (Юрмала), «Рига» ва «Елгава»-и Латвия, инчунин дар дастаҳои «Зимбру» ва «Дачия»-и Молдова фаъолият кардааст.