Нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20) – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20)

Ба диққати намояндагони ВАО! Пагоҳ, 20-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Атлас»-и Душанбе бахшида ба оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «Е» нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 11:15.

Сармураббиёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Уммон ва Шри-Ланка ба суолҳо посух хоҳанд дод.

Қабл аз оғози нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон барои инъикоси бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-20), ки аз 21 то 29 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, бейҷҳои аккредитатсионӣ дода мешавад.

Назари худро бинависед