Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 19-уми август, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Истиқлол» (10 август), бозигари тими «Истиқлол» Владислав Касминин барои рафтори дағалона аз ҳуқуқи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1.8-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хатлон» – «Регар- ТадАЗ» (14 август), бозигари тими «Хатлон» Тони Бикатал барои зарари ҷисмонӣ расонидан ба доварӣ марказӣ аз 4 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7, бандҳои 17 ва 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Истаравшан» – «Равшан» (Кӯлоб) (12 август), бозигари дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Шодиҷон Муродов ба хотири иҷрои имову ишораҳои таҳқиромез нисбати мухлисон ва қасдан задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 18-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гирифтани корти сурх ҳангоми маҳрум кардани рақиб аз имкони голзанӣ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Файзканд» – «Равшан» (Зафаробод) (12 август) ифода ёфтааст, бозигари тими «Файзканд» Ҷозеф Феумба аз як бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Файзканд» – «Равшан» (Зафаробод) (12 август), бозигари дастаи «Равшан» (Зафаробод) Шаҳзод Абдураҳимов бо сабаби иҷрои   имову ишораҳои таҳқиромез нисбат ба рақибаш аз 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 3-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гирифтани ду корти зард дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – КМВА (17 август) ифода ёфтааст, бозигари тими КМВА Наврӯз Рустамов аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум ва ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Ҷоми Тоҷикистон миёни тимҳои «Саройкамар» – «Ҳулбук» (7 август) бозигари тими «Ҳулбук» Насимҷон Соҳибназаров аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» – «Ҳулбук» (7 август), бозигари тими «Ҳулбук» Абдухолиқ Алимов бо сабаби гуфтани суханони таҳқиромез ё қабеҳ нисбат ба доварон аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум гардида, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни тимҳои «Саройкамар» – «Ҳулбук» (7 август), бозигари дастаи «Ҳулбук» Шамшод Исоев барои рафтори дағалона аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 5 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар наандешидани чораҳои зарурӣ барои пешниҳоди эътироз пас аз бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Саройкамар» – «Ҳулбук» (7 август) ифода шудааст, тими «Ҳулбук» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни тимҳои «Саройкамар» – «Ҳулбук» (7 август), бозигари дастаи «Саройкамар» Ҳусейн Яқубов барои рафтори дағалона аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 5 банди 4 «а»-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал барои дер омадани дастаи «Ваҳдат» дар бозӣ муқобили тими «Сарҳадчӣ» (13 август), дастаи «Ваҳдат» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Назари худро бинависед