Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал зери роҳбарии Пайрав Воҳидов ҳунарнамоии худро бо ғалаба дар мусобиқаи байналмиллалӣ ба хотираи гиромидошти собиқ президенти Ассоситсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов, ҷамъбаст намуд.
Дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм футзалбозони Тоҷикистон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд. Голҳои Умедҷон Кузиев, Иқбол Воситзода ва Насратшо Исмоилов ба тими миллии мо дар ин дидор ғалаба оварданд.
Бо ҳамин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи хотираи Мираброр Усмонов чор бозӣ муқобили Ӯзбекистон (2:3), Гватемала (1:3) ва Қирғизистон (4:1 ва 3:1) баргузор кард.