Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷиҳати баргузории ҷамъомади тамринӣ вориди шаҳри Давҳа шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷиҳати баргузории ҷамъомади тамринӣ вориди шаҳри Давҳа шуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои анҷоми марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 вориди шаҳри Давҳа шуд.

Сармураббии тими олимпии кишвар Мубин Эргашев 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Қатар даъват кардааст. Ба ҳайати даста ҳафт легионер шомил шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) нерӯ месанҷад.

 

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Қатар: 

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Равшан»); 

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»), Ҳайдар Сатторов, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Вахш»), Фахриддин Ахтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА); 

Нимҳимоятгарон: Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Ҳосилот»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Рустам Соиров, Меҳрон Мадаминов (ҳарду аз «Истиқлол»). 

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Назари худро бинависед