Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷамъомади тамринӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт.
Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз АМА ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Вохӯриҳо рӯзҳои 26 ва 28 декабр дар Абу-Даби баргузор мешаванд.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 24 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Бояд гуфт, ки рақобатҳои санҷишии дарпешистода барои тими наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.