Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстонаи якум бар ҳамсолони худ аз АМА ғалаба кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстонаи якум бар ҳамсолони худ аз АМА ғалаба кард

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо роҳбарии Марко Раҷини нахустин бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод.

Ин рақобат 22 май дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ дар шаҳри Дубай баргузор шуд ва бо пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон – 3:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Муҳаммад Назриев дубл намуда, Ҳайдаршо Худойдодов як голи дигарро ба самар расонд.

24 май тимҳои наврасони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон бозии дӯстонаи дуюми худро дар Дубай анҷом медиҳанд.

 

🤝 Бозии дӯстона

🇦🇪 АМА – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 1:3

️ Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммад Назриев (2), Ҳайдаршо Худойдодов.

🏟 22 май. Дубай. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА.

Назари худро бинависед