Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ғалаба кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ғалаба кард

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳодҷон Холбеков дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Ҷидда нахустин бозии дӯстонаашро анҷом дод.

Имрӯз, 13-уми декабр дастаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова ба самар расониданд.

18 декабр тимҳои бонувони то 17-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар Ҷидда рақобати дӯстонаи дуюмро доир мекунанд.

Назари худро бинависед