Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии якуми санҷиширо бо дастаи Ироқ (U-20) мусовӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии якуми санҷиширо бо дастаи Ироқ (U-20) мусовӣ намуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия нахустин бозии санҷишии худро анҷом дод.

Ҳарифони дастаи мо ҷавонони Ироқ (U-20) буданд. Вохӯрӣ имрӯз, 23 январ дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.

Бозии навбатии санҷишии худро дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия тими ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ бо бошгоҳи «Бухоро», ки роҳбарии онро дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов бар уҳда дорад, баргузор мекунад.

 

🤝 Бозии санҷишӣ

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-20) – 🇮🇶 Ироқ (U-20) – 0:0

🇹🇯 Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳайитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдозода.

🏟 23 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».

Назари худро бинависед