Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии санҷиширо бо “Хуҷанд” мусовӣ анҷом кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии санҷиширо бо “Хуҷанд” мусовӣ анҷом кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон, ки айни ҳол ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор менамояд, бозии якуми санҷишии худро бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд гузаронд.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузашта, мусовии бе гол анҷом шуд.   Дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Гулистон баргузории ду бозии санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон нақшагузорӣ шудаст. Бозиҳо рӯзҳои 3 ва 6 сентябр дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир хоҳанд шуд.

 

Бозии санҷишӣ

«Хуҷанд» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 0:0

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Муҳаммад Саломзода, Ҷонибек Шарипов, Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов, Абдулмумин Забиров, Амадонӣ Камолов, Рустам Соиров, Ислом Зоиров.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Эмомалӣ Аҳмадхон, Сафиаллоҳ Назарзода, Шоҳрух Сангов, Азизбек Ҳасанов, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Парвиз Ҳоҷиев, Исмоилҷон Алимардонов, Сунатулло Исмоилов, Салам Ашӯрмамадов.

31 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Назари худро бинависед