Мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон аз ҳамсолони Узбекистонияш мағлуб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон аз ҳамсолони Узбекистонияш мағлуб шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон дар бозии якуми санҷишӣ аз ҳамсолони узбекистонияш бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ рӯзи 3 сентябр дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 53 вохӯрӣ Улуғбек Ҳошимов ба нишон зад. Рӯзи якшанбеи 6 сентябр дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистону Узбекистон бозии дуюми санҷишии худро мегузаронанд. Бозӣ дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир хоҳад шуд.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Узбекистон (U-19) – 0:1

Гол: Улуғбек Ҳошимов, 53.

Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (Сунатулло Исмоилов, 85), Алиҷон Кароматуллозода, Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 58), Абдулмумин Забиров (Шӯҳрат Элмуродов, 71), Эмомалӣ Аҳмадхон (Муҳаммад Саломзода, 58), Озодбек Панҷиев, Рустам Соиров, Ислом Зоиров (Исмоилҷон Алимардонов, 71, Парвиз Хоҷаев, 85).

Узбекистон (U-19): Шукрон Юлдашев, Саидазамат Мирсаидов, Одилбек Абдумаджидов, Абубакр Ризо Турдалиев, Улуғбек Ҳошимов, Даврон Анваров (Улуғбек Акназаров, 61), Отабек Ҷӯракузиев (Муродбек Худжамбердиев, 46), Элдор Бегимов (Беҳзод Шамсиев, 85), Руслан Розиев (Муҳамадқодир Раҳимберганов, 75), Ҳусайин Норчаев (Музаффар Олимҷонов, 61), Абдурауф Буриев (Ҳумоюн Шербутаев, 75).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов (Тоҷикистон), Улуғбек Ҳошимов, Муродбек Хуҷамбердиев, Одилбек Абдумаҷидов (Узбекистон).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

3 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.

Назари худро бинависед