ЛФТ ҷадвали бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ ҷадвали бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард.

Чор бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Регар-ТадАЗ» – КМВА, «Куктош» – «Хуҷанд» ва «Истиқлол» – «Моҳир» рӯзи 6 август баргузор мешаванд. Се вохӯрии дигари даври 1/8 ниҳоии Ҷоми кишвар миёни тимҳои «Эсхата» – «Ҳосилот», «Саройкамар» – «Ҳулбук» ва «Хатлон» – «Истаравшан» рӯзи 7 август доир мегарданд.

Рақобати дастаҳои «Динамо» ва «Файзканд» дар рӯзҳои захиравии тақвим барпо мегардад. Чунки футболбозони бошгоҳи «Динамо» ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)-ро ташкил медиҳанд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бошад, дар чемпионати CAFA-2022 дар Душанбе ширкат мекунад.

Бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯригӣ иборат хоҳанд буд. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, пас бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб аз натиҷаи зарбаҳои 11-метра маълум мешавад.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022

1/8 ниҳоӣ

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Куктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Рудакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 

6 август (шанбе)

Бозӣ соати 18:30 оғоз мешавад

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

 

7 август (якшанбе)

Бозиҳо соати 16:45 оғоз мешаванд

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Хосилот» (Фархор)

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

7 август (якшанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

Панҷ, варзишгоҳи марказӣ

 

7 август (якшанбе)

Бозӣ соати 16:45 оғоз мешавад

«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»