Пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022, ки рӯзи 8-уми май бо иштироки қаҳрамони феълии кишвар «Истиқлол» ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон «Хуҷанд» доир мешавад, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Виталий Левченко, сармураббии «Истиқлол»:
– Суперҷом ҳамагӣ аз як бозӣ иборат аст, аз ин рӯ мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ҷомро ба даст орем. Дастаи мо хушбин аст, тайёрӣ ба вохӯрии интизор бо маром ҷараён дорад. Умедворем, ки футболи хуб нишон дода, ғалаба мекунем.
Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари «Истиқлол»:
– Бозӣ барои Суперҷом барои мо хеле муҳим аст, мо мехоҳем ғалаба кунем. Мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, то ки мавсимро дар мусобиқаҳои дохилӣ бо ғалаба оғоз кунем. Пас аз бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бояд муваффақ шавем, то худро руҳбаланд ва мухлисонро шод гардонем.
Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд»:
– Мо барои ҳар як рақобат тайёрии ҷиддӣ мебинем. Пас аз панҷ даври мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мо ба бозии Суперҷоми кишвар бо «Истиқлол» дар як ҳолати хуби футболбозӣ меравем ва мехоҳем танҳо натиҷаи мусбат ба даст орем.
Дар мавриди истеъфои ман, ин тасмими шахсиям пас аз як силсила бозиҳои бебарор буд. Ман фикр кардам, ки тағйир додани вазъият ба беҳтар шудани даста имкон медиҳад. Аммо роҳбарияти бошгоҳ истеъфои маро напазируфт. Онҳо ҳамаҷониба боварӣ доранд, ки даста бо ҳайати мураббиёни феълӣ натиҷаро беҳтар карда метавонад. Ман аз роҳбарият барои эътимод миннатдорам ва кӯшиш мекунам, ки ба он лоиқ буда, дар оянда, аз ҷумла дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст биёрем. Ман боварӣ дорам, ки бозигарони ман қодиранд, ки ҳунарнамоии муносиб нишон диҳанд ва ҷоиза ба даст оранд.
Фирдавс Чақалов, ҳимоятгари дастаи «Хуҷанд»:
– Суперҷом барои тамоми дастаи мо бозии хеле муҳим аст. Ва мо тамоми қувваи худро сарф месозем, то бо ҷом ба Хуҷанд баргардем.