«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 бо «Ал-Ҳилол» ва «Шубоб Ал-Аҳли» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 бо «Ал-Ҳилол» ва «Шубоб Ал-Аҳли» бозӣ мекунад

Қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе мутобиқи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, “Шубоб Ал-Аҳлӣ”-и Имороти Муттаҳидаи араб ва ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарафа» (Катар) – АГМК (Узбекистон) мебошанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 даҳ гурӯҳ ташкил карда шуд. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21 апрел то 7 май дар шакли мутамаркиз баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ғолибони гурӯҳ, инчунин  аз ҳар як минтақа се дастагие, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ бо нишондиҳандаҳои беҳтар мақоми дуюмро ишғол намуданд, роҳ меёбанд.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шубоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (ИМА), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «В»: «Шарҷа» (ИМА), «Трактор» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ваҳда» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистони Саудӣ), «Истиқлол» (Эрон), «Ал-Шорта» (Ироқ).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти  плей-оффӣ «Фӯлод» (Эрон) – «Ал-Айн» (ИМА).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Райян» (Қатар), «Гоа» (Ҳиндустон), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ваҳда» (ИМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

 

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «F»: «БГ Патхум Юнайтед» (Таиланд), «Улсан Хёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ), «Виеттел» (Ветнам), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Бэйтсзин» (Чин) – «Брисбен Роар» (Австралия)/«Кайя Илоило» (Филиппин).

Гурӯҳи «G»: «Тсзянсу Сунин» (Чин), «Нагоя Грампус» (Ҷопон), «Ҷоҳор Дорул Тазим» (Малайзия), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Пхохан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Ратчабури» (Таиланд).

Гурӯҳи «Н»: «Чонбук Хёндэ Моторс» (Ҷопон), «Гамба Осака» (Ҷопон), «Тампинес Роверс» (Сингапур), «Сидней» (Австралия).

Гурӯҳи «I»: «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Гуанчжоу» (Чин), «Юнайтед Сити» (Филиппин), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Чианграй Юнайтед» (Таиланд).

Гурӯҳи «J»: «Шандун Лунэн» (Чин), «Тай Порт» (Таиланд), «Китчи» (Ҳонконг), ғолиби ҷуфти плей-оффи «Сересо Осака» (Ҷопон) – «Мелбурн Сити» (Австралия)/«Шан Юнайтед» (Мянма).

Назари худро бинависед