«Истиқлол» бори дувоздаҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бори дувоздаҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба шарофати голҳои Рустам Соиров ва Элеке Чибуеке Блессинг бар «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 рӯзи 11 май дар варзишгоҳи таъмиршудаи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» барои дувоздаҳумин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан ин бошгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 соҳиби Ҷом гардида буд.

Назари худро бинависед