Имрӯз дар Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон оғоз мекунад

Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар мусобиқа, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳо ба мавсими нав доир мегардад ҳамаи даҳ дастаи футболи Лигаи олӣ иштирок мекунанд. Мусобиқа то 18 март идома меёбад.

Дар арафаи оғози Ҷоми Лига ҷаласаи машваратӣ бо иштироки роҳбарони Лигаи футболи Тоҷикистон ва дастаҳои иштирокчӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов иштирок намуд. Ноиби президент қайд кард, ки ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лига омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии кишвар ба мавсими нав мебошад. Тамоми харҷҳо вобаста ба ташкилу баргузории мусобиқа (ҷои хоб ва хӯрокворӣ, иҷораи майдонҳо ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорон) аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон падохт мешаванд.

Мутобиқи қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Душанбе-83», «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» ва «Кӯктош», ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Файзканд», «Истиқлол» ва «Истаравшан», ба гурӯҳи «В» бошад дастаҳои «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва КМВА шомиланд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Даври 1-ум

10 март (сешанбе)

10:30 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»

10:30 – «Истиқлол» – «Истаравшан». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – «Хуҷанд» – КМВА. Варзишгоҳи Бонки миллӣ

 

Даври 2-юм

12 март (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи «Баҳористон»

10:30 – «Файзканд» – «Истиқлол». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – «Локомотив-Помир» – «Хуҷанд». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

 

Даври 3-юм

14 март (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон»

10:30 – «Истаравшан» – «Файзканд». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – «Хатлон» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – КМВА – «Локомотив-Помир». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

 

16 март (душанбе)

Бозиҳои ниманиҳоӣ

 

18 март (чоршанбе)

10:30 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – Финал. Варзишгоҳи «Баҳористон»

Назари худро бинависед