Имрӯз, 16-уми январ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе Лигаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми кишвар ҷаласаи васеъ баргузор намуд.
Дар чамъомад ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов, инчунин роҳбарону намояндагони дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов вохӯриро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи дастаҳо дар мавсими нави футбол фаъолияти пурсамар ва ба бошгоҳҳои «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд», ки имсол кишвари моро мутаносибан дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд, барору комёбӣ таманно намуд.
Сайвалӣ Шоқурбонов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои муҳими мавсими соли 2023, инчунин талабот ва меъёрҳои иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо барои ширкат дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии КФО доир мешаванд, суханронӣ намуд.
Сипас қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Ҷоми ФФТ имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб ба ҷуз аз ҷоиза, инчунин 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра соҳиби 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ соҳиби 20 000 сомонӣ хоҳанд шуд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунад, ки аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.
Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомил шуда, гурӯҳи «В» аз КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» иборат аст.
Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбад.
Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 роҳхат мегирад.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе:
Гурухи «А»: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош», «Равшан».
Гурухи «Б»: КМВА, «Шодмон», «Душанбе», «Барқчӣ».