ФФТ ва шабакаи НФС «Ориё» созишномаи ҳамкориро тамдид карданд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ва шабакаи НФС «Ориё» созишномаи ҳамкориро тамдид карданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эмом Импорт Экспорт», ки соҳиби нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Ориё» аст, созишномаи ҳамкориро тамдид карданд.

Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи навро ноиби президент Дилшод Ҷӯразода ва аз ҷониби шарикон директори генералии НФС «Ориё» Абдузоир Исмоилов имзо карданд.

Пас аз имзои созишнома, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ба шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Ориё» барои ҳамкориҳои судманд, ки чанд сол боз идома дорад, изҳори сипос намуд.

Назари худро бинависед