Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тартибӣ-интизомии (КТИ) таҳти раёсати Тоҳир Нурзода баргузор гардид. Дар ҷаласа қонуншиканиҳо ҳангоми бозии даври 25-уми лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар», ки 13 октябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 7-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар амалҳои иғвоангези тамошобинон ва боиси сар задани бетартибиҳо дар варзишгоҳ ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи якум – «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, дастаи «Саройкамар» ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи якум – «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, дастаи «Панҷшер» ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 9-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори ғайриахлоқӣ ва номуносиб ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, директори дастаи «Панҷшер» Фаррухи Ҳусейнзода то охири соли 2026 аз фаъолият маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 9-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори ғайриахлоқӣ ва номуносиб ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, директори дастаи «Саройкамар» Илҳомбек Хушқадамoв то охири соли 2026 аз фаъолият маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 2, банди 3-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар амалҳои иғвоангез ва боиси сар задани бетартибиҳо дар варзишгоҳ ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, бозигари дастаи «Панҷшер» Қурбонбой Шералиев ба муҳлати як сол аз иштирок дар бозиҳо маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори хашмгинона ҳангоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, бозигари дастаи «Саройкамар» Расулҷон Мамадҷонов аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, бандҳои 2 ва 3-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори ношоистаи мухлисони дастаи «Саройкамар» ва боиси сар задани бетартибиҳои оммавӣ ҳангоми бозӣ бо «Панҷшер» (13 октябр) зоҳир гардид, варзишгоҳи хонагии дастаи «Саройкамар» то охири соли 2026 аз баргузории бозиҳо маҳрум карда шуд.
🔺 Барои вайрон кардани моддаи 5, бандҳои 2 ва 3-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори ношоистаи мухлисони дастаи «Панҷшер» ҳангоми бозӣ бо «Саройкамар» (13 октябр) зоҳир гардид, варзишгоҳи хонагии дастаи «Панҷшер» низ то охири соли 2026 аз баргузории бозиҳо маҳрум карда шуд.