Гулмуроди Cаъдулло бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Cаъдулло бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро доварӣ мекунад

Ҳайати доварони бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026, ки дар он дастаҳои «Сардор»-и Турсунзода ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани ҷом рақобат мекунанд, тасдиқ гардид. Вохӯрии ҳалкунанда 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуда, соати 17:30 оғоз меёбад.

Довари асосии бозии финалӣ довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе таъйин шудааст. Ёварони ӯ доварони ФИФА Ҳасан Каримов аз Норак ва Фарҳод Куралов аз Душанбе мебошанд. Вазифаи довари чорумро Бахтиёр Комилов аз Кӯлоб иҷро мекунад.

Дар низоми VAR Абдулло Давлатов аз Шаҳринав фаъолият намуда, Насрулло Кабиров аз Норак ёвари ӯ хоҳад буд.

Нозири ҳайати доварон Рустам Абдуллоев аз Душанбе таъйин гардида, Хуррам Нозирӣ комиссари бозӣ ва Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози кулли он мебошанд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 200 ҳазор сомонӣ ва ба финалист 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо менамояд.

Назари худро бинависед