Довар Абдулло Давлатов аз марҳилаи якуми имтиҳон бомуваффақият гузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Довар Абдулло Давлатов аз марҳилаи якуми имтиҳон бомуваффақият гузашт

Абдулло Давлатови 27-сола, довари ФИФА аз Шаҳринав аз марҳилаи аввали имтиҳон барои ворид шудан ба феҳристи доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё дар соли оянда бомуваффақият гузашт. 

Дар марҳилаи аввали қабул ба доварии Абдулло Давлатов дар бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон-2023 байни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Куктош» (2:0) Исмоил Аднон Ал-Хафӣ аз Урдун баҳо дод. 

Ҳамакнун барои ворид шудан ба феҳристи доварони элитаи КФО Абдулло Давлатов бояд аз ду марҳилаи интихобии дигар гузарад. 

Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир ба рӯйхати ҳакамҳои элитаи КФО аз Тоҷикистон 13 довар шомиланд. Инҳо доварони ФИФА Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло, Сайёдҷон Зайниддинов ва Нодира Мирзоева, ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев, Хусрави Сиддиқзод, Вафо Қараев, Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев, Фарҳод Куралов ва Дилшода Раҳмонова, инчунин довари ФИФА оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоеву Суҳроб Сатторов мебошанд.

Назари худро бинависед