Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тимҳои Уммон, Сингапур ва Гуам бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тимҳои Уммон, Сингапур ва Гуам бозӣ мекунад

Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Уммон, Сингапур ва Гуам хоҳанд буд. Бозиҳо дар гурӯҳи мазкур аз 19 то 27 октябр дар Сингапур баргузор мешаванд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 10 дастаи ғолиби гурӯҳ ва 5 тими беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Назари худро бинависед