Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 23 то 27 октябр дар Сингапур баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Як рӯз пеш мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қароргоҳи бошгоҳи футболи «Истиқлол» воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор ҷамъомади таълимиву тамриниро шуруъ кард. Сармураббии даста Марко Раҷини ба ин ҷамъомад 31 бозигарро даъват кардааст. Бар асоси натиҷаи ҷамъомад ҳайати даста барои ширкат дар чемпионати CAFA 2024, ки аз 16 то 26 август дар Душанбе баргузор мешавад, интихоб мегардад.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) рақобат мекунад.