Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми Рушд-2022” дар Минск иштирок менамояд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар “Ҷоми Рушд-2022” дар Минск иштирок менамояд

Дастаи мунтахаби наврасони то синни 16 соли Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии “Ҷоми Рушд” дар Мински Белорус иштирок менамояд. Мусобиқаи мазкур аз 5 то 14 феврал баргузор хоҳад шуд.

Дар мусобиқаи мазкур даҳ дастаи мунтахаби наврасони то 16 сола ширкат меварзад ва дастаи наврасони мо дар гурӯҳи “А” баромад мекунад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳ ҳамсолонашон аз Белорус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон мебошанд.

Дар гурӯҳи “Б” мунтахаби наврасони то 16 солаи Белорус, Молдов, Баҳрайн, Узбекистон ва Исроил рақобат менамоянд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоӣ ба ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро гирифтанд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин, бозиҳои тасаллибахш барои ҷойҳои 5-6, 7-8 ва 9-10 низ баргузор мешаванд.

Иштирок дар ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад. Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аз 1 то 9 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2022” дар Минск

Гурӯҳи «А»: Белорус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, ТОҶИКИСТОН, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Белорус (U-16), Молдова, Баҳрейн, Узбекистон, Исроил

Назари худро бинависед