Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия тамрин мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Туркия тамрин мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи омӯзишиву машқии худро дар Туркия анҷом медиҳад. Даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев рӯзи 10-уми феврал ба Анталияи туркия сафар кард.

Ситоди мураббиёни даста ҷиҳати иштирок дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ, ки  то рӯзи 23-юми феврал давом мекунад, 25 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст. Дар байни онҳо ду легионер – нимҳимоятгарон Ҳамадонӣ Камолов (бошгоҳи “Райо Маҳадаонда”, Испания) ва Алиҷони Айнӣ (“Краснодар”, Русия) – ҳастанд.

Дар ҷамъомади таълимиву машқӣ дар Анталия мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Рӯзи якшанбеи 13 феврал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо тими «Ворскла»-и Украина (U-20) қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи 16-уми феврал футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ рӯбарӯ мешаванд. Рақиби сеюмашон дастаи ҷавонони «Криля Советов»-и Самараи Русия мебошад. Дар бозии охирини санҷишӣ бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Туркия вориди сабқат хоҳанд шуд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):

Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Динамо»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Меҳрубон Каримов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов (“Райо Маҳадаонда, Испания), Алиҷони Айнӣ (“Краснодар”, Русия), Аббос Андалебов (“Файзканд”), Ҳамзаҷон Аҳтамов (“Истаравшан”), Азизбек Далиев, Азизбек Ҳаитов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Кабир Салимшоев, Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Абдулло Шарифов (ҳама аз «Динамо»), Меҳроб Асоев («Соро компания»);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Хуршед Давлатзода, Суннатулло Азизов (ҳама аз «Динамо»), Содиқҷон Қурбонов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия

13-уми феврал (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20)

 

16-уми феврал (чоршанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-20) – Македонияи Шимолӣ (U-20)

 

19-уми феврал (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Криля Советов» (Русия, U-20)

 

22-юми феврал (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-20) – Туркия (U-20)

Назари худро бинависед