Дар шаҳри Турсунзода семинар барои нозирону доварони лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон ҷараён дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар шаҳри Турсунзода семинар барои нозирону доварони лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон ҷараён дорад

Дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода барои нозирону довароне, ки имсол дар вохӯриҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, семинари таълимию методӣ баргузор шуда истодааст.

Дар семинар, ки аз ҷониби Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шудааст, 21 нафар нозир ширкат дорад. Инҳо Равшан Ишматов, Рустам Абдуллоев, Умед Раҳимов, Ориф Ҷӯраев, Абдураҳим Бобоев, Сафармаҳмад Шоймардонов, Қурбонмаҳмад Каримов, Диловаршо Орзуев, Носирҷон Мансуров, Мустафо Исломов, Собирҷон Ҳотамов, Алӣ Холиқзода, Ҳайбулло Нарзуллоев, Насриддин Азизов, Фурқат Мирҳайдаров, Муродҷон Қурбонов, Исматулло Муъминов, Абдулло Алимов, Дилшод Ализода, Садриддин Мустафоқулов ва Зоҳирҷон Ҳотамов мебошанд.

Мақсад аз баргузории семинар ноил шудан ба тафсири ягонаи Қоидаҳои бозӣ дар ҳама сатҳҳои мусобиқаҳо, такмили дониш дар соҳаи назария, методология, амалияи нозирӣ, инчунин супоридани тести видеоӣ оид ба Қоидаҳои бозӣ мебошад.

Бар асоси натоиҷи имтиҳонҳо даҳ нафар беҳтарин нозир интихоб шуда, дар мавсими нав ҳаққи кор дар бозиҳои лигаи олии Тоҷикистонро пайдо мекунанд.

Назари худро бинависед