Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бозсозӣ шуд.
Дар Варзишгоҳи марказии Хоруғ, ки қобилияти ғунҷоиши шаш ҳазор тамошобинро дорад, сабзаи сунъӣ насб гардид. Роҳравҳо барои дав иваз карда шуда, утоқҳои либосивазкунӣ таъмир ва нурафканҳо насб гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таъмиршудаи Хоруғ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат доштанд.
Дар доираи маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таъмиршуда фестивали футбол баргузор гардид. Дар ҷашнвораи варзишӣ ба кӯдакон тӯбҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуданд. Пас аз анҷоми фестивал миёни дастаи «Помир»-и вилоят ва дастаи ҷавонони «Равшан»-и Кӯлоб бозии дӯстона сурат гирифт. Вохӯрии рафиқона бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.