Дар Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи осиёи Марказӣ мусобиқаи навбатӣ баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи осиёи Марказӣ мусобиқаи навбатӣ баргузор мешавад

Душанбе мизбони мусобиқаи навбатӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – чемпионати CAFA-2024 байни духтарони то 15-сола мешавад, ки он аз 21 то 25 май баргузор мегардад.

Дастаҳои чаҳор кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон – барои медалҳо мубориза мебаранд. Дар ин мусобиқа тими наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков баромад мекунад.

Дар доираи мусобиқаи CAFA шаш бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа дар як давр доир шуда, бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд. Чемпионат 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол ба поён мерасад.

Назари худро бинависед