Дар Душанбе курсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи КФО «Level 1b» ҷараён доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи КФО «Level 1b» ҷараён доранд

Дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзишии мураббиёни фитнеси Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Fitness Coaching Certificate Course – Level 1B» оғоз шуд.

Дастурдиҳандаи курсҳо инструктори КФО Ғуломризо Ҷаҳонӣ аз Эрон мебошад. Барномаи семинари панҷрӯза аз омезиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи ҷисмонӣ дар футбол иборат аст.

Дар маросими ифтитоҳии курсҳои КФО барои мураббиёни фитнес директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ширкат варзида, ба довталабон барори кор таманно кард.

Дар курсҳо ҳамчунин сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Далер Каёсов (мунтахаби U-14), Раҳматулло Фузайлов (дастаи U-16), Мубин Эргашев (дастаи U-23), Фарҳодҷон Холбеков (дастаи духтарона U-15) ва Иззатулло Исоқов (мунтахаби духтаронаи то 18-сола) ширкат намуданд. Ба ҷуз аз онҳо Сиёвуш Боев, Бахтиёр Ҳакимов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷомихон Муҳиддинов, Олимшо Қадамшоев, Рустам Абдуллоев, Ҷаваршоҳ Шоҳғиёсов, Зариф Усмонов ва Алишер Тухтаев ширкаткунандагони курсҳо мебошанд.

Назари худро бинависед