Дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи ФИФА барои доварони футзал аз Тоҷикистон хотима ёфт.
Дастурдиҳандаи курсҳо яке аз мутахассисони пешбари ФИФА ва КФО Бадрул Ҳишам Калам аз Малайзия буд.
Дар курсҳо довароне, ки бозиҳои Суперлигаи Тоҷикистон ва мусобиқаҳои ҳаваскоронро доварӣ менамоянд, ширкат доштанд.
Курсҳои доварӣ аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар он ба ҳамаи иштирокчиён тағйироту навгонӣ дар қоидаҳои бозиро фаҳмониданд. Аз марҳилаи 1/4 ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон сар карда, навовариҳо дар қоидаҳои бозии футзал истифода мешаванд.