Дар Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо шуд

Имрӯз, 16-уми декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти ФФТ, аъзои Кумитаи иҷроияи федератсия, намояндагони федератсияҳои минтақавӣ, бошгоҳҳои футболу футзал, роҳбарони Лигаи футболи кишвар, Лигаи футзали Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасон ва ғайра ширкат намуданд.

 

Рӯзномаи Конгресси ФФТ масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:

– Суханронии ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо.

– Интихоби аъзои кории Конгресс.

– Комиссияи ҳисоб ва комиссияи тафтиши протокол.

– Тасдиқи протоколи Конгресси ФФТ аз 17 декабри соли 2022.

– Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022.

– Тасдиқи ҳисобот дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022.

– Тасдиқи буҷети ФФТ барои соли 2024.

– Тасдиқи ҳисоботи аудитори мустақил оид ба фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2022.

– Таъйин намудани аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024.

– Тасдиқи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

– Тасдиқи муқаррароти баргузории Конгресс.

– Тасдиқи Кодекси интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 

Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ҳам ширкат карданд.

Назари худро бинависед