Имрӯз, 7 май, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи даҳуми Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё таҳти раёсати Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа баргузор шуд.
Президенти КФО ҷаласаи Кумитаи иҷроияро ифтитоҳ намуда, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд.
Роҳбари футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ҳамчунин ба кишварҳои мизбони гурӯҳҳои мутамаркази Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 изҳори сипос карда, талошҳои тамоми ассотсиатсияҳои мизбонро дар таъмини баргузории қариб ҳамаи мусобиқаҳои КФО дар соли қадрдонӣ кард.
Президенти КФО зимни суханронии худ гуфт: “Ҳафтаи гузашта мо марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-ро ба анҷом расонидем. Мо бояд ба чаҳор иттиҳодия – Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ, Ассотсиатсияи футболи Таиланд, Ассотсиатсияи футболи Малайзия ва Федератсияи футболи Ветнам, ки мусобиқаҳои мутамарказро мизбонӣ карданд, миннатдории самимии худро баён кунем.”
«Аз он ки баъди қариб ду сол марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тариқи мутамарказ сурат гирифт, хушҳолем».
«Дар қитъа мизбони гурӯҳҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 низ муайян шуданд. Пандемия азми моро мисли пештара санҷид, аммо оилаи футболи осиёӣ муттаҳидии бемисл нишон дода, душвориҳоро пушти сар гузошт. Ин ҳама бо шарофати эътибору садоқати ассотсиатсияҳои миллӣ ва минтақавии мо мебошад.”
Роҳбари КФО бо таваҷҷӯҳ ба таҳкими пояҳои ассотсиатсияҳои миллӣ бо мақсади беҳтар намудани фаъолият дар давраи пас аз пандемия ду барномаи навро низ эълон кард, ки ба рушди минбаъдаи федератсияҳои футбол нигаронида шудаанд.
Вай афзуд: «Ба роҳ мондани ду барномаи нави рушди мо – “Advantage Program” ва “Extra-Time Program” – побастагии иттиҳодияҳои миллии моро боз ҳам тақвият медиҳад. Ин барномаҳоро барномаҳои “Enhance”, ки ҳамагӣ шаш моҳ пеш амалӣ шуданд, пурра хоҳанд кард. Ҳам “Extra-Time” ва ҳам “Advantage” барои аъзоёни навкор ва рушдёбандаи мо мутобиқ ва тарҳрезӣ шудаанд. Пеш аз ҳама, ин барномаҳо ӯҳдадории моро барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ дар қитъа мусоидат мекунанд.”
“Дӯстони азиз, ман боварӣ дорам, ки мо пас аз ин пандемия дар роҳи пурқувваттар шуданамон ҳастем ва ман ба ҳама барои дастгирии бебаҳо ташаккур мегӯям”, – гуфт роҳбари футболи Осиё.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино эълон дошт, ки нақшаи номи худро такроран дар интихоботи президентӣ дар соли 2023 пешниҳод карданро дорад ва роҳбари АФК аз ин пешниҳод самимона истиқбол кард.
«КФО ва оилаи футболи Осиё аз интихоби дигарбораи Инфантино ба мансаби президентӣ истиқбол мекунад ва ман имрӯз ӯро итминон дода метавонам, ки мо дар номзадии ӯ якдил хоҳем буд. Инфантино дар замони бӯҳрони амиқ барои футболи Осиё ва ҷаҳон илҳомбахш буд ва мо барои дастгирии доимии ӯ ба оилаи футболи Осиё миннатдорем”, – афзуд президенти КФО.
Лаҳзаҳои асосии ҷаласаи 10-уми Кумитаи иҷроияи КФО:
– Кумитаи иҷроияи КФО қарори Кумитаи рушди КФО-ро дар бораи ҷорӣ кардани барномаи “Advantage Program” ба тасвиб расонд, ки ҳамчун фонди солона барои кӯмак ба баҳрабардорони КФО дар ҷалби мураббиёни соҳибихтисос, коршиносони техникӣ ва дастгирии барномаҳои рушди техникӣ хидмат хоҳад кард.
– Ба ҳамин монанд, Кумитаи Иҷроияи КФО инчунин қарори Кумитаи рушди КФО-ро дар бораи роҳандозии Барномаи нави “Extra-Time”- фонди солона барои кӯмак ба баҳрабардорони КФО, ки дар эҳтиёҷоти махсус ҳадафҳои рушди онҳоро дастгирӣ мекунад, ба тасвиб расонд.
– Кумитаи иҷроияи КФО қарори Кумитаи КФО оид ба футзал ва футболи соҳилиро дар бораи лағви Чемпионати КФО оид ба футзал миёни бошгоҳҳо дар соли 2022 пас аз даст кашидани Аморати Муттаҳидаи Араб аз ширкат дар мусобиқа, ба тасвиб расонд.
– Кумитаи иҷроияи КФО инчунин ба мувофиқа расид, ки Конгресси 33-юми Конфедератсияи футболи Осиё 1 ва 2 феврали соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад ва тафсилоти иловагӣ пас аз коркарди ниҳоӣ эълон хоҳад шуд.