Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа ба мақоми аввал баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа ба мақоми аввал баромад

Дар даври панҷуми мавқуфгузоштаи Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби калони  (4:0) «Файзканд»-и Восеъро шикаст дода, ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

Голҳои задаи Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров се холи гаронбаҳоро насиби дастаи пойтахт гардонд. Алишер ва Манучеҳр дар бозӣ муқобили “Файзканд” ҳар кадоме ба задани ду голӣ муваффақ шуданд.

Бозиҳои даври шонздаҳуми лигаи олӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафаи ҷорӣ, ки ба 21 ва 22 август рост меоянд баргузор хоҳанд шуд. Дар бозии марказии давр “Истиқлол” рӯзи шанбеи 21-уми август, дар майдони худ яке аз муддаиёни медалҳои қаҳрамонии имсола “Истаравшан”-и Истаравшанро қабул мекунад. “Истаравшан” айни замон бо 25 имтиёз дар мақоми сеюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣБозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум

«Файзканд» – «Истиқлол» – 0:4

ГолҳоАлишер Ҷалилов, 44 (0:1). Алишер Ҷалилов, 52 (0:2). Манучеҳр Сафаров, 58 (0:3). Манучеҳр Сафаров, 59 (0:2).

Огоҳонида шудандМаҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»), Виталий Левченко («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷасур Қурбонов («Файзканд»), 30 – барои ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАлишер Ҷалилов («Истиқлол»).

18 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 9 3 1 36-6 30
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                  14 9 2 3 29-14 29
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 7 4 4 18-13 25
4 «Эсхата» (Хуҷанд) 15 7 2 6 25-28 23
5 «Равшан» (Кӯлоб) 14 4 6 4 16-16 18
6 «Хатлон» (Бохтар) 15 4 5 6 15-22 17
7 КМВА (Душанбе) 15 3 6 6 16-21 15
8 «Душанбе» (Душанбе) 15 3 6 6 18-29 15
9 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 3 4 8 19-31 13
10 «Файзканд» (Восеъ) 15 3 4 8 11-23 13

 

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 9 голИлҳом Баротов («Истаравшан»), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8 голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои боқимондаи қисми дуюм:

Даври 16-ум

20 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

КМВА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Душанбе»

 

21 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Равшан» – «Эсхата»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Истаравшан»

 

Даври 17-ум

24 август (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Файзканд» – «Равшан»

Оғози бозӣсоати 20:00

«Душанбе» – «Истиқлол»

 

25 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Эсхата» – КМВА

«Истаравшан» – «Кӯктош»

 

Даври 18-ум

28 август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Хатлон» – «Эсхата»

«Душанбе» – «Хуҷанд»

 

29 август (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Равшан» – «Истаравшан»

КМВА – «Файзканд»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

Назари худро бинависед